Имрӯз бозиҳои даври 44-ум оғоз ёфт
Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Имрӯз мувофиқи нақшаи федератсияи футболи Тоҷикистон бо баргузор шудани даври 44-уми мусобиқа дар лигаи олии чемпионати мамлакат мебоист рақобатҳо ба поён расанд, вале аз сабаби ширкати дастаи мунтахаби кишвар дар бозиҳои интихобии ҷоми ҷаҳон ва иштироки клуби «Истиқлол» дар мусобиқаи Ҷоми президенти кофедератсияи футболи Осиё ва мавқуф гузоштани як зумра бозиҳо он ба таъхир афтод. Дар даври охирин пешсафи муваққатии мусобиқа «Равшан» -и Кӯлоб дар сафар бозии худро бо дастаи «Вахш» мегузаронад. Дар ин рӯз «Парвоз» бо ССКА «Помир», «Энергетик» бо «Истиқлол» ва «Регар ТадАЗ» бо «Шодмон» қувва хоҳанд озмуд. Дар ҷадвали мусобиқа дастаи «Равшан» бо 86 имтиёз аз 37 бозӣ садрнишин аст. «Регар ТадАЗ» бо 77 хол аз 33 бозӣ ва «Истиқлол» бо 72 имтиёз аз 28 вохӯрӣ дар зинаи 2-юм ва 3-юм мебошанд.Дар сафи пеши нишонзанҳои беҳтарин Фозил Сатторов аз дастаи «Равшан» бо 20 гол ва Комил Саидов аз ССКА “Помир” бо Габриэл Донто аз“Энергетик” бо 19-голи задаашон ҷойгир шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд






