Истеъдоди «Ганҷҳои нуҳуфта» қалбҳоро тасхир сохт
Душанбе, 4 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Ганҷи нуҳуфта» -нахустин фестивали ҳаваскорони имконияташон маҳдуд имрӯз дар «Кохи ваҳдат»-и Душанбе бо барномаи ҷолиби консертӣ ҷамъбаст гардид.Ин чорабинии фарҳангӣ бо иқдоми Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ бори аввал дар миқёси Осиёи Марказӣ созмон дода шуд, ки ҳадафаш ба ҳаёти ҷамъиятӣ ҷалб намудани ҳунармандони имконияташон маҳдуд ва ҳамчунин таҳкими муносибат ва равобит миёни маъюбон мебошад.Руқия Қурбонова, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ зимни суханронӣ дар маросими даври ниҳоии фестивал зикр намуд, ки маъюбон яке аз табақаҳои осебпазири ҷомеа ба шумор мераванд, аз ин рӯ новобаста ба мушкилоти ҷойдошта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани вазъи иҷтимоии онҳо ба ин табақаи аҳолӣ ғамхории бештар зоҳир менамояд.Бояд зикр кард, ки дар даври минтақавии фестивал, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар сурат гирифт, беш аз 1000 нафар маъюбе, ки дорои ҳунари овозхонӣ, раққосӣ, латифагӯӣ ва дигар истеъдоди худододианд, иштирок намуданд.Дар барномаи консертии даври ниҳоии фестивал 70 нафар, ки аз даврҳои минтақавӣ гулчин гардида буданд, бо дастагули ҷолиби консертӣ хотири тамошобинонро болида гардониданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






