Кӯмаки Ҷопон ба Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — 15 ноябри соли равон Ҳиройуки Имаҳаши, сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шамсуддин Қурбонов, директори муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Лоиҳаи бо таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳазгардонии муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» дар Пажӯҳишгоҳи мазкур, воқеъ дар шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.Лоиҳаи мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба маблағи умумии 104 ҳазору 900 доллари амрикоӣ бомуваффақият ба итмом расидШӯъбаи эҳёгарии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон ягона шӯъбаест, ки метавонад тифлони навзодро дар ҳолати изтирорӣ муолиҷа намояд, зеро пажӯҳишгоҳ барои таъмини табобати техникӣ дар соҳаи акушерӣ, гинекологӣ ва перинотологӣ махсус гардонида шудааст. Ҳукумати Ҷопон ба воситаи лоиҳаи мазкур ба пажӯҳишгоҳ дар насби таҷҳизоти нави тиббӣ, ба монанди таҷҳизоти фототерапиявӣ, дастгоҳҳои нафасдиҳандаи сунъӣ ва дозаторҳо кӯмак намуд. Лоиҳа дар беҳтар намудани хизматрасонии тиббии пажӯҳишгоҳ ва инчунин саломатии тифлони навзод ва модарони онҳо дар Тоҷикистон кӯмак менамояд. Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 277 лоиҳаи кӯмаки башардӯстонаро ба маблағи умумии 20,4 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






