Кейсуке Ҳонда: пешбарӣ ба унвони беҳтарин футболбози Осиё.

Ноябрь 10, 2011 17:28

Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). –  Нимҳимоятгари клуби футболи ССКА- Маскав ва тими мунтахаби Ҷопон Кейсуке Ҳонда барои комёб шудан ба  унвони беҳтарин футболбози Осиё 2011 пешниҳод шуд. Барои соҳиб шудан ба ин унвон 10 футболбоз соли ҷорӣ пешбарӣ шудаанд, ки дар қатори онҳо боз як футболбози дигари ҷопонӣ Синдзи Кагава, ки дар дастаи «Боруссия»-и Олмон  бозӣ мекунад, низ шомил шудааст. Андроник Темуриён ва Ҳодӣ Оқилӣ аз Эрон, Ку Ҷа Чхол ва Ем Ки Ҳун аз Куриёи Ҷанубӣ Исмоил Матар аз Амороти Муттаҳидаи Араб, Муҳаммад Нур аз Арабистони Саудӣ, Исмоил Абдулатиф аз Баҳрайн ва Сарвар Ҷабборов аз Ӯзбекистон барои футболбози беҳтарини Осиё шудан талош меварзанд. Соли гузашта низ Кейсуке Хонда ба рӯйхати  беҳтарин бозингарон дохил шуда бошад ҳам, дар натиҷа Саша Огненовски аз Австралия бозингари беҳтарини мавсими соли 2010 эълон гардид. Ҳамин тариқ, футболбози беҳтарини Осиё дар соли 2011 рӯзи 23 ноябри соли равон дар ҷаласаи тантанавии Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур муайян мешавад.

Ноябрь 10, 2011 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад