Кейсуке Ҳонда: пешбарӣ ба унвони беҳтарин футболбози Осиё.
Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Нимҳимоятгари клуби футболи ССКА- Маскав ва тими мунтахаби Ҷопон Кейсуке Ҳонда барои комёб шудан ба унвони беҳтарин футболбози Осиё 2011 пешниҳод шуд. Барои соҳиб шудан ба ин унвон 10 футболбоз соли ҷорӣ пешбарӣ шудаанд, ки дар қатори онҳо боз як футболбози дигари ҷопонӣ Синдзи Кагава, ки дар дастаи «Боруссия»-и Олмон бозӣ мекунад, низ шомил шудааст. Андроник Темуриён ва Ҳодӣ Оқилӣ аз Эрон, Ку Ҷа Чхол ва Ем Ки Ҳун аз Куриёи Ҷанубӣ Исмоил Матар аз Амороти Муттаҳидаи Араб, Муҳаммад Нур аз Арабистони Саудӣ, Исмоил Абдулатиф аз Баҳрайн ва Сарвар Ҷабборов аз Ӯзбекистон барои футболбози беҳтарини Осиё шудан талош меварзанд. Соли гузашта низ Кейсуке Хонда ба рӯйхати беҳтарин бозингарон дохил шуда бошад ҳам, дар натиҷа Саша Огненовски аз Австралия бозингари беҳтарини мавсими соли 2010 эълон гардид. Ҳамин тариқ, футболбози беҳтарини Осиё дар соли 2011 рӯзи 23 ноябри соли равон дар ҷаласаи тантанавии Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур муайян мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






