Консерти созҳои торӣ аз эҷодиёти композиторони тоҷик ва ҷаҳон

Ноябрь 9, 2011 11:28

Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). -10 ноябри соли ҷорӣ бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе консерти созҳои торӣ аз эҷодиёти композиторони тоҷик ва ҷаҳон дар иҷрои донишомӯзони шӯъбаи тории Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З. Шаҳидӣ» баргузор мешавад. Дар ин консерт асарҳои мусиқии композиторони ҷаҳон Родион Шедрин, Сергей Прокофев, Сен-Санс, инчунин оҳангҳои халқии тоҷикӣ ва таснифҳои мусиқии Ҷӯрабой Охунов, Дамир Дӯстмуҳаммадов, Одилҷон Назаров ва Ҷасур Холиқов садо медиҳанд. Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори роҳбарияти Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар соли ҷорӣ бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   чорабиниҳои зиёди мусиқавӣ дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе   баргузор шуданд, ки дар онҳо асарҳои композиторони маъруфи Тоҷикистон ва ҷаҳон пешкаши ҳаводорон гардиданд. 

Ноябрь 9, 2011 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад