Курсҳои махсуси забономӯзӣ ва ихтисосҳои замонавӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ

Ноябрь 24, 2011 11:11

Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 23 ноябри соли равон сардори Хадамоти мухоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо намояндагони Федератсияи байналмилалии ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар Эрик Мишел Селлие ва Фаррух Қосимов вохӯрӣ намуд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти мазкур иттилоъ доданд, ки дар рафти мулоқот С. Девонаев меҳмононро бо сохтори хадамот шинос намуд. Бояд гуфт, ки айни ҳол дар манотиқи Тоҷикистон ҷамъияти Салиби сурх 5 нуқтаи худро дорад ва дар назар аст, ки боз 2 нуқтаи дигар кушода шавад. Дар доираи вохӯрӣ тарафайн перомуни муҳоҷират ва буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва ҳифзи саломатии муҳоҷирон машварат намуданд. Ҳамаи ин ҷиҳатҳоро ба назар гирифта, мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки ба муҳоҷирони худ забон ва ихтисос омӯзонида, аз муоинаи тиббӣ гузаронида, баъдан онҳоро ба кишварҳои пазиранда фиристанд. Ба муҳоҷирон танҳо дар сурате иҷозати кор дода мешавад, ки онҳо пурра солим ва ба талаботи кишвари қабулкунанда ҷавобгӯй бошанд. Аз ин лиҳоз тарафайн ба хулосае омаданд, ки дар оянда як маркази муҳоҷират ташкил диханд то дар курсҳои он ба хоҳишмандон забонҳои хориҷӣ ва ихтисосҳои замонавӣ омӯзонида шаванд. Пешниҳод шуд, ки марказҳои муҳоҷират бояд дастурамали махсус перомуни одоби муошират, пешгирии бемориҳои сироятӣ, кӯмаки аввалиндараҷаи тиббӣ, беҳдошт ва маданияти либоспўшӣ дошта бошанд.

Ноябрь 24, 2011 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад