Лоиҳаҳои такмили ихтисос
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 16 ноябр мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҶТ Фан Сянжун баргузор гардид. Рустам Назаров аз вазъи маводи нашъаовар дар минтақа ва Тоҷикистон, перомуни тадбирҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати назорати маводи нашъаовар, фаъолияти Агентӣ ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқи ҶТ дар амри мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар нақл кард.Мувофиқи хабари маркази матбуоти Агентӣ, дар ҷараёни мулоқот роҳбари ин ташкилот ба сафир барои дар шаҳри Урумчии вилояти мухтори Синҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил намудани 15 нафар кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар изҳори сипос намуд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






