Манфиати мардуми азияткашидаи афғонро афзалиятнок шуморед
Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар Конфронс оид ба Афғонистон «Амният ва ҳамкорӣ дар Қалби Осиё» Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ сухан гуфта, изҳори боварӣ кард, ки вохӯрии мазкур марҳилаи муҳиме дар роҳи барқарорсозии сулҳ, амният ва субот, ҳамчунин барои фароҳам овардани шароити мусоиди рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Афғонистон мебошад. Ӯ ба раванди ҳамгироии иқтисодӣ ва ҳамкории тиҷоратӣ ҳамроҳ намудани Афғонистон бо кишварҳои ҳамсояро омили муҳим номид. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳор дошт, ки: «новобаста ба ихтилофи назарҳо ва диди мухталиф ба услубҳои ҳалли масоил, зарурати таъҷилии пайдо ва қабул намудани қарорҳои якдилона бар нафъи пойдории амну субот дар Афғонистон вуҷуд дорад». Вобаста ба ин, дипломати тоҷик аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки на мушкилоту ҳадафҳои мағруру муғризонаи минтақавӣ ё миллӣ, балки манфиати мардуми азияткашидаи Афғонистонро афзалиятнок шуморанд.Дар конфронс ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳо аз кишварҳои Аврупо ва созмонҳои байналмилалӣ суханронӣ намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






