Масоили муҳоҷирати шаҳрвандони Чин муҳокима шуд

Ноябрь 8, 2011 16:13

Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Масъалаи созмон додани Маркази ягонаи муҳоҷиратӣ дар назди мақомот ва ҳалли ҳамаҷонибаи кӯмаку дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳисоб ва бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Мардумии Чин  дар ҶТ, ҳамчунин масоили будубош ва фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҶТ дар ҷараёни мулоқоти  сардори Хадамоти муҳоҷират С. Девонаев бо консули  Ҷумҳурии Мардумии Чин Дин Тсзянвэй мавриди муҳокима қарор гирифт.Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, С. Девонаев дар ҷараёни мулоқот зикр намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар тамоми ҷаҳон муҳоҷирони меҳнатии худро дорад ва дар ин бобат таҷрибаи зиёд низ андӯхтааст. Боиси хушҳолист, ки дар пешрафти иқтисодиёти кишвари мо нақш ва саҳми Ҷумҳурии Мардумии Чин хеле калон аст. Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки охирҳои соли равон дар ҳамбастагӣ бо консулгарии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ҷалби ҳамаи субъектҳои хоҷагидор, соҳибкорон ва ҷамъятҳои чинӣ перомуни мушкилоти  ҳалталаби муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ин мамлакат  мизи мудаввар барпо гардад.

Ноябрь 8, 2011 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд