Масъулияти раисони шаҳру ноҳияҳо ҳангоми даъват ба аскарӣ
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Мақсади дар як сол ду маротиба даъват намудани ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, омода гардонидан ва ихтиёран ба аскарӣ равон кардани онҳост,- иброз дошт раиси деҳоти «Симиганҷ» — и ноҳияи Ваҳдат Аҳмад Шамсов ба мухбири АМИТ «Ховар». Гузашта аз ин, баробари комиссариатҳои ҳарбӣ раисони маҳаллаю ҷамоатҳо, роҳбарони шаҳру ноҳия ва дигар сохторҳои марбута дар давраи даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ ӯҳдадоранд, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватанпарастӣ, садоқатмандӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ тарғибу ташвиқ намоянд.Ба гуфти А.Шамсов, агар дар татбиқи фармони Президенти кишвар оид ба даъвати ҷавонон ҳамаи сохторҳои давлатӣ алоқамандии худро нишон медоданд, даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон на дар ду моҳ, балки дар давоми як моҳ амалӣ мешуд. Айни замон, даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар чор ноҳияи вилояти Суғд, се ноҳияи вилояти Хатлон, ду ноҳияи ВМКБ ва як ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ анҷом ёфтааст. Дар ноҳияҳои боқимондаи ҷумҳурӣ 55 – 60 фоизи ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват шудаанд, то анҷоми даъвати тирамоҳӣ бошад ҳамагӣ 20 рӯз боқӣ монд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






