«МегаФон» мусобиқоти «Водии заррин»-ро дастгирӣ намуд

Ноябрь 10, 2011 10:58

Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқоти панҷуми ҷумҳуриявӣ аз рӯи гуштини тарзи дзюдо байни ҷавонон таҳти унвони «Водии заррин» анҷом ёфт. Ин  мусобиқа ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.  Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ширкати «МегаФон Тоҷикистон» иттилоъ доданд, дар ин мусобиқа 120 нафар варзишгарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок намуда, аз рӯи 8 намуди вазн қувваозмоӣ карданд. Намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Талбакшоҳ Мираков зимни суханрониаш дар маросими оғози мусобиқа  гуфт, ки «чунин мусобиқот пеш аз иштироки варзишгарон дар чорабиниҳои миқёси ҷаҳонӣ аз қабили олимпиада майдони хуби тамринӣ маҳсуб мешаванд». Тавре роҳбари раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Суғд Парвиз Давлатов иброз дошт, ширкати мазкур мусобиқоти гуногуни варзиширо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ менамояд. Гуштини тарзи дзюдо яке аз навъҳои машҳуртарини варзиш дар кишвар ба шумор меравад, бинобар ин басо муҳим аст, ки варзишгарони Тоҷикистон дар ин намуди варзиш ба натиҷаҳои назаррас ноил шаванд.

Ноябрь 10, 2011 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад