Муқовимат бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи ҳастаӣ

Ноябрь 18, 2011 17:22

Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). 18 ноябри соли 2011 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба имзо расонидани нақшаи амали муштарак миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи ҳастаӣ баргузор шуд. Тавре ки аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ ва аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Сафири Фавқулодда ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кеннет Гросс имзо гузоштанд. «Ин ҳуҷҷат иқдоми сиёсии кишварҳои аҳдкунандаро дар бар гирифта, ҳуҷҷати ӯҳдадоркунандаи ҳуқуқӣ намебошад. Мақсади он пурзӯр намудани иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ, муайянкунӣ ва муқовимат бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи ҳастаист», — таъкид намуданд дар вазорат.

Ноябрь 18, 2011 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад