Муҳокимаи фаъолияти Суди Конститутсионӣ дар конфронси байналмилалӣ

Ноябрь 2, 2011 16:45

Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳкам Маҳмудов  дар конфронсҳои байналмилалӣ дар мавзўи «Назорати конститутсионӣ: доктрина ва амалия», ки дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт – Петербурги Федератсияи Русия бахшида ба 20- солагии таъсиси Суди конститутсионии Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуд.
 
Дар кори конфронс намояндагони зиёда аз панҷоҳ давлати ҷаҳон, аз ҷумла Раиси Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон Коста Жан – Пол, Президенти Комиссияи Аврупо оид ба демократия тавассути ҳуқуқи Шўрои Аврупо (Комиссияи Венетсиании Шўрои Аврупо) Ҷианни Букиккио ва намояндагони судҳои конститутсионии давлатҳои Австрия, Албания, Андора, Беларус, Венгрия, Миср, Индонезия, Итолиё, Куриё, Латвия, Литва, Молдова,  Олмон, Швейтсария, Шоҳигарии Белгия низ ширкат намуда, роҷеъ  ба  фаъолияту дастовардҳои Суди конститусионии ФР ва дигар давлатҳо дар 20 соли охир табодули назар карданд.

Ноябрь 2, 2011 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд