Муҳокимаи масоили ҳамкории минбаъда
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бо ибтикори намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар ҶТ ба манзури шиносоӣ бо фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ (АНМН) ва муҳокимаи масоили ҳамкории минбаъда дар бахши муборизаи зидди маводи нашъаовар мулоқоти директори АНМН Рустам Назаров бо роҳбари Намояндагӣ Ҷиро Иида сурат гирифт. Дар ҷараёни мулоқот директори Агентӣ Иидаро бо вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт, ҳамчунин ташкили ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ дар муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, дастовардҳо ва дурнамои рушди АНМН, аз ҷумла ташкили маркази кинологии миллӣ ва студияи хурди АНМН шинос кард.
Ҷиро Иида дар навбати худ ба Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳамкориаш бо сохторҳои марбутаи Ҷопон дар масъалаҳои муборизаи зидди маводи нашъаовар изҳори миннатдорӣ карда ва ба ҷараёни татбиқи лоиҳаи ташкили студияи хурди АНМН мароқ зоҳир намуд. Ҷонибҳо дар хотима изҳори умедворӣ намуданд, ки ҳамкории миёни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар ҶТ минбаъд ҳам рушду густариш хоҳад ёфт.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






