Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо Абдулло Гул

Ноябрь 3, 2011 16:31

Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дирӯз Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ вохӯрӣ намуд.Дар вохӯрӣ Ҳ. Зарифӣ ба сарвари Туркия номаи Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонро супорид, ҳамчунин аз ӯ даъват кард, ки дар вақти ба ӯ муносиб ба Тоҷикистон ташриф орад.Ҳ. Зарифӣ аз созмондиҳии олии Конфронси Истанбул оид ба Афғонистон «Амният ва ҳамкорӣ дар Қалби Осиё» ва имконияти баён кардани мавқеи Тоҷикистон оид ба масоили вобаста ба амният ва рушди босубот дар минтақа ба Президенти Туркия изҳори сипос намуд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аҳамияти гузаронидани чунин конфронсҳоро қайд кард, ки чун майдоне барои ибрози мавқеи кишварҳо оид ба мушкилиҳои мавҷуда хизмат мекунанд, ҳамчунин имконият медиҳанд, то барои зудтар ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон кӯмаки бузург расонида шавад. Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонитарин, забон, фарҳанг, урфу одати муштарак ва робитаҳои таърихии умумӣ дорад, ҳаматарафа мекӯшад, то сулҳ ва субот дар ин кишвари азияткашида истиқрор гардад.Дар ҳоли ҳозир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Афғонистон якчанд лоиҳаро дар соҳаи   барқ ва коммуникатсия бомуваффақият пиёда месозад.Вазир Ҳ.Зарифӣ ба Президенти Туркия аз вохӯрияш бо соҳибкорон ва сармоягузорони туркӣ ва тавофуқҳое, ки зимни сӯҳбат ба даст омаданд, иттилоъ дод.Президенти Ҷумҳурии Туркия зарфияти ҷойдоштаи ҳамкориҳои миёни ду кишварро қайд намуд ва аҳамияти густариши муносибатҳоро дар соҳаи тиҷорату иқтисод ва энергетика таъкид сохт.А.Гул ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард, то масъалаи кушодани боз як хатти парвози ширкатҳои ҳавоии туркиро ба Душанбе мавриди баррасӣ қарор диҳад.Роҳбари Туркия муносибати ду кишварро дар чаҳорчӯби ёрӣ расонидан ба Афғонистон махсус тазаккур дод.Дар фарҷоми мулоқот Президенти Ҷумҳурии Туркия Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар тантанаҳои ҷашнии «Шаби Арӯс» даъват намуд.

Ноябрь 3, 2011 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад