Мулоқоти Ҳ. Зарифӣ бо ҳамтои эронии худ

Ноябрь 3, 2011 16:46

Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар чаҳорчӯби сафари корӣ ба Истанбул бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ вохӯрӣ анҷом дод.Тавре ки аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои миёни ду кишварро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, гидроэнергетика ва инфрасохтор баррасӣ намуданд.Вазирони корҳои хориҷӣ ҳамчунин масъалаи марбут ба Афғонистон, бахусус Конфронси Истанбул оид ба Афғонистон «Амният ва ҳамкорӣ дар Қалби Осиё»-ро мавриди муҳокима қарор доданд.Дар охири мулоқот дипломатҳо аз ҳолати ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ноябрь 3, 2011 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад