Мулоқоти А. Холиқов бо масъули Вазорати корҳои хориҷии Олмон

Ноябрь 2, 2011 16:45

Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). — Масоили раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба озодии виҷдон ва баён зимни мулоқоти раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов бо сардори шӯъбаи Осиёи Марказӣ ва Қафқози Вазорати корҳои хориҷии  Олмон хонум Кристине Вайл баррасӣ гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо перомуни ҳамкории иттиҳодияҳои динӣ бо мақомоти давлатӣ ва гайридавлатии  Тоҷикистон, аз ҷумла UNFPA, ташкили курсҳои бозомӯзии имомхатибон ва мутахассисони соҳаи дин ва диншиносӣ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.Ҳамчунин дар ин мулоқот  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар», фаъолияти донишкада, гимназия ва мадрасаҳои исломӣ дар Тоҷикистон мавриди таваҷҷӯҳи мусоҳибон қарор гирифт. Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон 1 донишкада бо теъдоди зиёда аз 1800 нафар донишҷӯ, як гимназияи дорои 600 хонанда ва 19 мадрасаи исломӣ фаъолият мекунад. 

Ноябрь 2, 2011 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад