Мулоқоти А. Холиқов бо намояндагони иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ

Ноябрь 10, 2011 16:51

Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов бо намояндагони иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аз маркази матбуоти Кумитаи оид ба корҳои дин ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот маҷмӯи масоили вобаста ба фаъолияти ташкилотҳои ғайриисломӣ дар Тоҷикистон, ҳамкориҳо байни ташкилотҳои динӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти онҳо дар чаҳорчӯбаи қонунҳои ҷории ҶТ, бахусус «Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» муҳокима ва баррасӣ гардид. А. Холиқов доир ба масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи иштирокдорон изҳори ақида карда, ба ҳамкории бештари эшон бо кумита махсус таъкид намуд. Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин дар ояндаи наздик семинар-машваратҳо оид ба фаҳмонидани  ҳар як самти Қонуни ҶТ оид ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ дар Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.

Ноябрь 10, 2011 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад