Мулоқоти раиси вилояти Суғд бо Викентий
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо сардори ҳавзаи митрополити Осиёи Миёна, узви доимии Синоди муаззами калисои масеҳии русӣ, роҳбари епархияи душанбегию тоҷикистонӣ Викентий, ки 5 ноябр ба вилояти Суғд ташриф оварда буд, мулоқот намуд.Раиси вилоят зимни мулоқот ба меҳмон перомуни вазъи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии вилоят, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ маълумот дода, аз ҷумла фаъолияти хуби намояндагии калисои масеҳии русиро дар вилоят нек ва пурсамар арзёбӣ намуд.Роҳбари епархия ва митрополит Викентий зикр намуд, ки калисои масеҳии русӣ дар вилоят беш аз 140 сол боз фаъолият намуда, дар таҳкими муносибатҳои ахлоқию маънавии ҷомеа, дӯстиву рафоқати мардуми ин сарзамини бостонӣ саҳми амиқ мегузорад. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки роҳбари епархия ва митрополит Викентий ҳини сафари кориаш ба вилоят ҳамчунин аз калисоҳои масеҳии русии шаҳрҳои Хуҷанд ва Чкалов боздид намуда, бо таклифи раиси вилоят дар чорабинии идонаи вилоятӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






