Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 4 ноябр Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба озодии ВАО Дуня Миятовичро ба ҳузур пазируфт. Зимни сӯҳбат масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо САҲА дар самти фаъолияти васоити ахбори омма, аз ҷумла такмил Қонуни ҷумҳурӣ “Дар бораи матбуот ва дигар ВАО” мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Ҳамрохон Зарифӣ ба ҳамсӯҳбати худ оид ба вазъи озодии сухан ва фаъолияти ВАО дар Тоҷикистон, шароити мусоид, ки аз ҷониби қонунгузории кишвар дар соҳаи ВАО фароҳам оварда шудааст, риояи принсипҳо ва ӯҳдадориҳои кишварҳои аъзои САҲА дар мавриди масъалаҳои зикршуда маълумот дод. Ў њамчунин зикр намуд, ки ҳамаи намояндагони ВАО дар Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои асосии озодии сухан истифода менамоянд.Ҳамзамон як қатор мушкилоти марбут бо фаъолияти хабарнигорон вуҷуд дорад. Воқеаҳое ҳастанд, ки кормандони ВАО аз ҳуқуқҳояшон сӯиистифода карда, этикаи хабарнигориро пос намедоранд ва баъзан дар бораи соҳаҳои муҳими фаъолияти давлат маълумоти бардурӯғ медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Дуня Миятович пешниҳод намуд, ки масъалаи созмондиҳии семинарҳои махсус, мизҳои мудаввар ва даврҳои омӯзишии гуногуни кӯтоҳмуддат ҷиҳати такмили ихтисос ва корозмоии хабарнигорони ҷавони Тоҷикистон баррасӣ шавад.Дар навбати худ, Дуня Миятович ба Вазир дар бораи фаъолияти хеш дар бахши ҳимоя ва пешбурди озодии ВАО, инчунин дурнамои ҳамкории САҲА бо Тоҷикистон дар соҳаи мазкур иттилоъ дод. Ӯ ташаббуси Ҳамрохон Зарифиро перомуни ташкили семинару мизҳои мудаввари мухталиф барои намояндагони ВАО дастгирӣ карда, изњор дошт, ки охири моҳи ноябри соли равон дар Душанбе баргузор намудани конфронси Осиёи Марказӣ оид ба ВАО таҳти сарпарастии САҲА дар мавзӯи “Гуногунандешӣ ва идоракунии Интернет” дар назар аст. Ин чорабинӣ бо мақсади муҳокимаи мушкилиҳои инкишофи Интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, озодӣ ва мустақилияти ҷомеаҳои интернетӣ дар ибрози ақидаи худ созмон дода мешавад. Ҷонибҳо ҳамчунин дар бобати рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкории созанда байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА дар соҳаи таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва амнияти ВАО мавқеи ягонаи худро баён намуданд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






