Мушкилоти як хоҷагии тухмипарварӣ

Ноябрь 23, 2011 09:17

Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сарвари Корхонаи воҳиди давлатии тухмипарварии ноҳияи Файзобод Раҷаб Назиров, хоҷагии мазкур, ки дар заминаи хоҷагии давлатии «Ҳамза» -и ноҳия таъсис ёфта буд, дар водии Ҳисор чун мактаби таҷрибаи пешқадам дар соҳаи картошкапарварию чорводорӣ дониста мешуд. То соли 2002 он ҳамчун хоҷагии давлатии тухмипарварӣ ва аз соли 2005 баъди аз қайди давлатӣ гузаштан ба Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) тухмипарварӣ табдил ёфт. Ҳоло КВД тухмипарварии ба номи Абдувоҳид Назиров дорои 5965 гектар замини обию лалмӣ буда, 400 гектари он тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мегардад.Айни замон бо сабаби камбудии техникӣ, тухмӣ ва нуриҳои минералӣ пешрафти хоҷагиро наметавон бо солҳои 1985 – 90, ки аз ҳар гектар то 400 – 450 сентнерӣ картошка ба даст оварда мешуд, қиёс намуд.Азбаски КВД хоҷагии давлат мебошад, ба дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ниёз дорад. Бемории (вирус) -и нематоди картошка ва гамбусаки колорадиро бе дастгирии давлатӣ аз байн бурдан номумкин аст, зеро он маблағи зиёдро талаб мекунад, вале хоҷагӣ маблағи зиёд надорад. Дар сурати дастгирӣ ёфтан хоҷагӣ имкон дорад беш аз 6 ҳазор тонна картошка истеҳсол намояд.

Ноябрь 23, 2011 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд