Мусоидат ба таъмини ҷойҳои корӣ
Душанбе, 22 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар назди Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар вилояти Суғд маркази ҳамоҳангсозӣ таъсис дода шуд.Вазифаи асосии марказ расонидани хизматҳои машварати ҳуқуқӣ, дастгирии равонӣ пешниҳоди ҷойҳои холии корӣ, бо кор таъмин намудан, додани маслиҳат ҷиҳати ташкили соҳибкорӣ, додани қарзҳои имтиёзнок, бо касбомӯзӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта мебошад.Дар асоси қарори ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсоне, ки соҳибкасб ҳастанду ҳуҷҷати тасдиқкунандаи соҳибкасбиашонро надоранд, дар мӯҳлати аз як ҳафта то як моҳ пас аз супоридани санҷиш ба онҳо шаҳодатномаи малакаи касбӣ супорида мешавад. Бо шаҳодатномаи мазкур шаҳрвандон метавонанд дар ватан ва берун аз он бо ҷойи кории доимӣ таъмин шаванд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Сарраёсати Агентӣ омода аст барои шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатие, ки ба ватан баргаштаанд, барои бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин гаштан ва ба касби мувофиқ соҳиб гаштан мусоидат намояд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






