Намоишгоҳи дуюми махсуси Эрон
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аз 16 то 19 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи дуюми махсуси технологияҳои энергетикӣ, сохтмон ва истифодаи захираҳои оби Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад. Тавре дар Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақсад аз ин чорабинӣ намоиши дастоварду ихтирооти ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ, корхонаҳои саноатии Эрон дар бахши рушди технологияҳои энергетикӣ ва табодули таҷриба мебошад. Мувофиқи суханони манбаъ, дар ҷараёни намоишгоҳ доир намудани форуми аҳли тиҷорати Тоҷикистону Эрон низ дар назар аст. Ин чорабинӣ бо дастгирии расмии ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон, Палатаи савдо ва саноати ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, ҳамчунин Намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат мегирад. Хотирнишон месозем, ки намоишгоҳи якуми махсуси технологияҳои энергетикии Ҷумҳурии Исломии Эрон 20 сентябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе доир шуда буд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






