Натиҷаҳои мусобиқаи байналмилалии тенниси рӯи миз дар Суғд

Ноябрь 30, 2011 15:41

Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар толори варзишии “Ҷашнӣ”-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи 14-уми байналмилалии тенниси рӯи миз бахшида ба ёдбуди Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил доир гардид. Дар мусобиқа дастаҳо аз Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон ва шаҳру навоҳии вилояти Суғд, аз ҷумла Хуҷанд, Конибодом, Қайроққум, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт ширкат намуда, 56 нафар варзишгар байни худ қувваозмоӣ карданд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки варзишгарони вилоят ба гирифтани 2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ сазовор гардиданд.

Ноябрь 30, 2011 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад