Натиҷаи як санҷиши прокурорӣ оид ба истифодаи замин
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти муовини прокурори генералии ҶТ, мушовири давлатии адлияи дараҷаи се Ҳабибулло Воҳидов, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 29 – уми майи соли 2010 ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 1 ҳазору 505 гектар замин ҳамчун фонди заминҳои маҳали аҳолинишин ҷудо шуда бошад ҳам, бо гузашти якуним сол ҳамагӣ 510 гектар ё 34 фоизи замини ҷудошуда ба аҳолии эҳтиёҷманд тақсим шудааст.Дар ноҳияи мазкур дар натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ баҳри бартараф намудани қонуншиканиҳои замин 18 амр, 45 пешниҳод, 71 эътироз оварда шуда, нисбат ба 11 нафар мансабдор муҷозоти интизомӣ, 179 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 31 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 173 аризаи даъвогӣ оиди ба ҳолати аввала баргардонидани замин ба судҳо ирсол шуд, ки дар натиҷа 80 гектар замини ғайриқонунӣ ишғолшуда ба ҳолати аввалааш баргардонида шуд.








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






