Оғози навсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе — Турсунзода — сарҳади Узбекистон
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- 7 ноябр бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон навсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе — Турсунзода — сарҳади Узбекистон расман оғоз ёфт.Маросими оғози расмии навсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе — Ҳисор — Шаҳринав — Турсунзода — сарҳади Узбекистон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, Ноиби президенти Бонки осиёии рушд Сиаою Жао, роҳбарони сохторҳои марбутаи кишвар ва аҳли ҷамоати ноҳияҳои ду паҳлўи ин шоҳроҳ баргузор гардид.Зимни гузоштани санги асос ва шиносоӣ бо лоиҳаи навсозӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин шоҳроҳи дарозиаш 66 километр бо харҷи беш аз 900 миллион сомонӣ ё худ 181 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди тармиму навсозӣ қарор мегирад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ширкати роҳсозии Чайна Роуди Ҷумҳурии Мардумии Чин таъкид дошт, ки ин кор на дар 3 сол, балки дар 2 сол, вале бо риояи тамоми талаботи ҷаҳонии сифату эътимодбахшӣ анҷом дода шавад.Бинобар таъкиди Президенти кишвар, дар ин ҷо зиёда аз 600 нафар роҳсозони маҳаллӣ соҳиби кору маоши хуб мешаванд, зеро беш аз 80% коргарон аз Тоҷикистон хоҳанд буд.Тавре зикр гардид, ин нахустин роҳи дараҷаи якуми сифат дар Тоҷикистон хоҳад буд, зеро роҳҳои дигари то ин вақт бунёдёфта ба дараҷаҳои дуюм ва сеюм тааллуқ доранд.Тибқи лоиҳа, масофаи 4,6 километри ин роҳ – аз назди пайкараи Абўалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе аз 8 хатти ҳаракати мошинҳо ва боқимондаи роҳ аз 4 хат иборат хоҳад буд.Дар паҳлуи ҷойи ин ҷамъомад, ки дар гардиши роҳи осоишгоҳи Шоҳамбарӣ қарор гирифта буд, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда, ҳамчунин ба сохтмони як маҷмааи тиҷоратию хизматрасонӣ оғоз бахшид.Тавре иттилоъ дода шуд, ин маҷмаа аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфта, иборат аз тарабхона, чойхона, меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии мошинҳои гуногуни боркашу сабукрав хоҳад буд. Тибқи нақша ин маҷмаа баъд аз 2 сол ба кор медарояд ва дар он зиёда аз 300 нафар соҳиби кори доимӣ шуда, ба роҳгузарони шоҳроҳи Душанбе — Ҳисор — Шаҳринав — Турсунзода — сарҳади Узбекистон хизматрасонӣ хоҳанд кард.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






