Олмон ба дохилшавии ҶТ ба СУС ҳаматарафа мусоидат хоҳад намуд
Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Гидо Вестервелле дар шаҳри Истанбул мулоқот намуд.
Тавре ки аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, вазъ ва дурнамои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногун мавриди таваҷҷӯҳи мусоҳибон қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ба ақидаи ягона омаданд, ки иқтидори мавҷуда барои ҳамкории миёни Тоҷикистон ва Олмон то охир истифода нашудааст, аз ин лиҳоз ҷаҳду талош баҳри ҳамкории бештар ва судманд миёни ду кишвар зарур аст. Қайд карда шуд, ки барои такон бахшидан ба муносиботи дуҷониба дар оянда боздидҳои ҳайатҳо дар сатҳи баланд ба Тоҷикистон ва Олмон сурат хоҳанд гирифт. Мусоҳибон ба ҳамкории ҳарду кишвар дар ҳошияи созмонҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ оид ба Афғонистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карданд.Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳамтои худ дар бораи омодагӣ ба Панҷумин Конфронси ҳамкории минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA), ки моҳи марти соли 2012 дар Душанбе доир мешавад, маълумот дод.Дар рафти сӯҳбат вазирони корҳои хориҷӣ масъалаҳои Конфронс оид ба Афғонистонро, ки баргузории он оғози моҳи декабри соли равон дар Бонн ба нақша гирифта шудааст, матраҳ намуданд. Дар ин робита, Ҳ. Зарифӣ дар навбати худ ба иштироки ҳайати Тоҷикистон дар он чорабинии басо муҳим барои минтақа таъкид кард.Гидо Вестервелле аҳамияти пайвастани Тоҷикистонро ба Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) таъкид сохта, ба ҳамсӯҳбати худ итминон дод, ки Олмон ба пазирии ҳарчи зудтари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС ҳаматарафа мусоидат хоҳад намуд.Дар мулоқот ҳамчунин дурнамои татбиқи лоиҳаи “Шоҳроҳи Нави Абрешим” баррасӣ гардид.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






