Пагоҳ футболбозони тоҷик бо ҳамтои ҷопониашон қувва месанҷанд.

Ноябрь 10, 2011 17:26

Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). –  Пагоҳ 11 ноябр дар варзишгоҳи марказии пойтахт вохӯрии даври чоҳоруми бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон 2014 бо ширкати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҷопон барпо мегардад. Ба ин хотир имрӯз соати 11 субҳ  дар толори меҳмонхонаи «Тоҷикистон» нишасти матбуотӣ бо иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Олимҷон Рафиқов ва капитани даста Дилшод Восиев, инчунин сармураббии тими мунтахаби меҳмонон Алберто Дзакарони ва капитани он, Ҳасибей сурат гирифт. Дар нишасти мазкур шумораи рӯзноманигорону журналистони ҷопонӣ нисбат ба хабарнигорони ватанӣ бештар буд. Барои омода кардани гузоришҳо тақрибан 60 нафар намояндаи васоити ахбори оммаи  Ҷопон ба Тоҷикистон омадаанд. Тавре ки Олимҷон Рафиқов арз кард, ӯ дастаро ҳамчун сармураббӣ дар арафаи оғози бозиҳои гурӯҳӣ қабул кардааст ва ин фурсати кам ба вай имкон надодааст, ки футболбозони беҳтарро ҷӯё шавад.Сармураббии дастаи мунтахаби Ҷопон Дзакарони аз набудани майдони дигари алтернативӣ дар сурати номусоидии вазъи обу ҳаво ва дар ҳолати ғайрибозӣ қарор доштани майдони марказӣ бо афсӯс ҳарф зад ва гуфт: -« Дар ҳама ҳолат мо бояд дар ин майдон бозӣ кунем».  Капитани дастаи мунтахаби Ҷопон Ҳасибей, ки дар бозии аввал натиҷаи 5 бар 0-ро пешгӯӣ карда буд, ин навбат аз фолбинӣ худдорӣ кард.  Рӯзноманигорони ҳар ду кишвар ба суолҳои гуногуни худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Акнун  дар назди мухлисони сершумор футболбозони ҳар ду даста имтиҳон хоҳанд шуд.

Ноябрь 10, 2011 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд