Пасту баландшавии нарх дар истеҳсолот

Ноябрь 10, 2011 16:51

Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ,  дар 10 моҳи соли ҷорӣ  пасту баландшавии нархи маҳсулоти гуногуни саноатӣ бо сабаби истеҳсол ва коркарди он ба миён омадааст. Дар моҳҳои сентябр —  октябри соли 2011 пастравии нарх дар истихроҷи канданиҳои фоиданоки сӯзишворию энергетикӣ асосан бо сабаби арзоншавии нархи истихроҷи ангиштсанг 4,3 фоиз,  истихроҷу тоза кардани маъдани қӯрғошиму рӯҳ 4,1 фоиз ба амал омадааст. Қиматшавии нархҳо дар истеҳсоли ҳар гуна  маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ ба истеҳсоли маснуоти бетонӣ 17,9 фоиз, истеҳсоли семент -10,3, хишти бинокорӣ ва сафоли бомпӯшӣ 0,3 фоиз вобаста аст. Зимнан, нархҳо дар истеҳсоли оҳак, гулгаҷ, масолеҳи андова 6,9 фоиз арзон шуд. Дар ин  муддат қиматшавии нархи истеҳсоли ҳар гуна маснуоти филизӣ- 7,7 ва  конструксияҳои фӯлодии бинокорӣ 2,8 фоиз ба қайд гирифта шудааст.

Ноябрь 10, 2011 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид