Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки осиёии рушд Сиаою Жаоро ба ҳузур пазируфт
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки осиёии рушд Сиаою Жаоро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Бонки осиёии рушд баррасӣ шуд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкории дуҷониба Бонки осиёии рушд барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод, инчунин ташаккули иқтидор ва рушди институтсионалии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 850 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кўмаки техникӣ ҷудо намудааст.Ҳоло лоиҳаҳои фаъоли Тоҷикистону Бонки осиёии рушд ба маблағи умумии 529 миллион доллари амрикоӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва молияи давлатӣ мавриди татбиқ қарор доранд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки осиёии рушд барои саҳмгузории намоён дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон арзи сипос карда, ҳамзамон таъкид дошт, ки дар ҳамкории ду ҷониб ҳанўз имкониятҳои истифоданашуда зиёданд.Доир ба Барномаи шарикии Бонки Осиёии Рушд ва Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014, ки дар ҳаҷми тақрибан 200 миллион доллари амрикоӣ сармоягузории лоиҳаҳои соҳаҳои роҳсозӣ, амнияти энергетикӣ, рушди бахши хусусӣ, идоракунии минтақавӣ ва ғайраро дар назар дорад, гуфтугўйи судманд сурат гирифт.Ба роҳбарияти бонки мазкур барои маблағгузории лоиҳаи навсозии роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода ва дастгирии лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент – сарҳади Узбекистон изҳори сипос карда шуд.Гуфтугўйи пурмуҳтаво ҳамчунин доир ба татбиқи дигар лоиҳаҳои судбахш, аз ҷумла бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерўгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерўи барқ ва ғайра, ки дорои аҳамияти минтақавӣ барои кулли Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Осиёи ҷанубӣ мебошанд, сурат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






