Прокуратураи генералӣ: «Ба овозаҳо бовар накунед»

Ноябрь 16, 2011 14:08

Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Рӯзҳои охир дар воситаҳои ахбори умум маълумот доир ба оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шаҳрванди Федератсияи Русия, роҳбари ширкати «Ролкан-Инвестмент-ЛДТ» Полуянов Сергей Андреевич ва эълон намудани кофтукови байналмилалии ӯ вобаста ба ҳодисаи аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ гузаштани ҳавопаймоҳои ин ширкат нашр шудааст, ки ин ба ҳақиқат дуруст намеояд.  Тибқи иттилои маркази ахбори Прокуратураи генералӣ доир ба ин ҳодиса танҳо як парвандаи ҷиноятӣ 6 моҳ пеш, яъне 12 майи соли равон аз ҷониби шӯъбаи тафтишотии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон нисбат ба Садовничий Владимир Владимирович ва дигарон оғоз карда шудаасту халос. То имрӯз дигар ягон парвандаи ҷиноятӣ доир ба ин ҳодиса оғоз нашудааст. Аз рӯи ҳамон як парвандаи ҷиноятӣ ду нафар- Садовничий В.В. ва Руденко А. ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Нисбат ба 6 нафар ҳавонаварди дигар – шаҳрвандони Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Белорус, Украина ва Қазоқистон қисми маводи парвандаи ҷиноятӣ дар истеҳсолот қатъ ва онҳо аз ҷавобгарӣ озод карда шудаанд. Қисми маводи парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Полуянов С.А. як моҳ пеш аз истеҳсолот боздошта шудааст.

Ноябрь 16, 2011 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад