Прокуратураи генералӣ: «Ба овозаҳо бовар накунед»
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Рӯзҳои охир дар воситаҳои ахбори умум маълумот доир ба оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шаҳрванди Федератсияи Русия, роҳбари ширкати «Ролкан-Инвестмент-ЛДТ» Полуянов Сергей Андреевич ва эълон намудани кофтукови байналмилалии ӯ вобаста ба ҳодисаи аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ гузаштани ҳавопаймоҳои ин ширкат нашр шудааст, ки ин ба ҳақиқат дуруст намеояд. Тибқи иттилои маркази ахбори Прокуратураи генералӣ доир ба ин ҳодиса танҳо як парвандаи ҷиноятӣ 6 моҳ пеш, яъне 12 майи соли равон аз ҷониби шӯъбаи тафтишотии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон нисбат ба Садовничий Владимир Владимирович ва дигарон оғоз карда шудаасту халос. То имрӯз дигар ягон парвандаи ҷиноятӣ доир ба ин ҳодиса оғоз нашудааст. Аз рӯи ҳамон як парвандаи ҷиноятӣ ду нафар- Садовничий В.В. ва Руденко А. ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Нисбат ба 6 нафар ҳавонаварди дигар – шаҳрвандони Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Белорус, Украина ва Қазоқистон қисми маводи парвандаи ҷиноятӣ дар истеҳсолот қатъ ва онҳо аз ҷавобгарӣ озод карда шудаанд. Қисми маводи парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Полуянов С.А. як моҳ пеш аз истеҳсолот боздошта шудааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






