Рӯзи таҷлили иди Қурбон муайян шуд

Ноябрь 1, 2011 15:53

Душанбе, 1 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Иди саиди Қурбон дар Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳои мусулмонии ҷаҳон,  ба мисли  Арабистони Саудӣ ва Туркия якшанбе-  6 ноябри соли 2011 ҷашн гирифта мешавад. Қарори марбута оид ба муайян кардани рӯзи Иди Қурбон 1 ноябр дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Тоҷикистон, ки таҳти раёсати муовини авввали раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Мавлон Мухторов  бо иштироки сархатибони масҷидҳои ҷомеи марказии кишвар доир шуд,  қабул гардид. Санаи  6 ноябри соли 2011 таҷлил  намудани иди саиди Қурбон  бо назардошти  фикру андешаҳои  сархатибон, имомхатибон  ва мутобиқ омадани  аввали зулҳиҷҷа ба рӯзи ҷумъа ҳамчун рӯзи ид  тасдиқ шуд. Тибқи иттилои Т. Аҳмадзод, масъули бахши дафтари матбуоти Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 6 ноябр соати 7-30 дақиқа дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози иди Қурбон гузошта мешавад. Дар рӯзи Иди Қурбон мардуми мусулмон дастархони идона ороста, ба дидорбинии волидайн, хешу табор, аёдати пирони барҷомонда, ятимону бепарасторон ва беморон рафта, иди Қурбонро муборак мегӯянд,   тӯҳфаҳо тақдим месозанд. Инчунин, дар ин рӯз мардум ба қабристонҳо рафта, дар сари қабри гузаштагони худ дуою фотеҳа хонда,   арвоҳи  гузаштагонро шод мегардонанд.Яке аз фазилатҳои асосии Иди Қурбон  қурбонӣ кардан аст. Дар Тоҷикистон асосан барои қурбонӣ кардан чорвои фарбеҳ ва беиллат ба мисли гов, гӯсфанд ва буз истифода шуда, аз се як қисми гӯшти қурбониро ба барҷомондагон ва  камбизоатон тақсим менамоянд.Ба ҷо овардани маросими ҳаҷи фарзӣ аз рукнҳои асосии дини мубини Ислом буда, баргузории он ба арафаи Иди Қурбон рост меояд. Мавриди зикр аст, ки соли равон 5 ҳазору 500  нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҷиҳати адои фаризаи ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар карданд, ки дар қиёс бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ теъдоди зойирини тоҷик зиёд аст.Бозгашти  ҳоҷиёни тоҷик аз Арабистони Саудӣ ба ватан 10 ноябр шурӯъ гардида,  2 декабр анҷом меёбад.

Ноябрь 1, 2011 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд