Рақобати чор номзад барои як курсӣ

Ноябрь 4, 2011 13:10

Душанбе, 4 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Пешбарии номзадҳо  ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3 анҷом ёфт.Се  нафар номзад аз ҳизбҳои сиёсӣ ва як нафар ба таври худпешбарӣ номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон  пешниҳод гардидаанд. Номзадҳо Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Абдуқаҳҳор Турсунов, ноиби ректори Донишгоҳи  техникии  Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ба таври худпешбарӣ,  Сӯҳроб Шарифов, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ, намояндаи ҲҲДТ ва Сӯҳроб Оймаҳмадов, директори  генералии ширкати «Эйшин Экспресс» аз Ҳизби  ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон мебошанд.Бақайдгирии номзадҳо дар ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур №3 тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ  имрӯз шурӯъ гардида, то 18 ноябри  соли равон идома меёбад.

Ноябрь 4, 2011 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад