Раиси Шӯрои диаспораи тоҷикони Қрим интихоб гардид
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Ҳафтаи сипаригашта дар шаҳри Боғчисарой ҷаласаи ҷамъияти тоҷикони Ҷумҳурии Автономии Қрим бо иштироки намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Украина баргузор гардид. Дар кори ҷаласа ҳамватанони бурунмарзӣ, ки дар шаҳрҳои Симферепол, Севастопол, Евпатория, Судак ва Боғчисарой кору зиндагонӣ мекунанд, иштирок доштанд.Ташкили Шӯрои ҷамъияти тоҷикони Ҷумҳурии Автономии Қрим аз масъалаҳои асосии ҷаласа буд. Раиси Шӯрои ҷамъияти тоҷикони Қрим Ҳайбулло Кароматов аз шаҳри Севастопол интихоб гардид. Ҳамчунин вазифаҳои асосии Шӯро барои ояндаи наздик матраҳ шуданд.Дар охири ҷаласа намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Украина дар бораи фаъолияти Сафорат дар самти густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина маълумот доданд.Дар ин бора аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






