Сӯҳбати вазири фарҳанги ҶТ бо ҳунарпешагони сирки ҶМЧ

Ноябрь 14, 2011 11:23

Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ бо гурӯҳи ҳунарпешагони сирки давлатии шаҳри Пекин, ки бахшида ба 20-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон дар сирки давлатии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд, вохӯрд. Вазир зимни сӯҳбате, ки дар фазои дӯстона сурат гирифт, меҳмонони Чинро хайрамақдам гуфта, ба онҳо мувафаққиятҳои эҷодӣ орзу намуд. Сардори раёсати фарҳанги музофоти Хонани Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум Ҷу Син зимни суханрониаш иброз дошт, ки 27 нафар ҳунарпешагони жанрҳои мухталифи сирк беҳтарин намоишномаҳои барномаро пешкаши тамошобинони тоҷик мегардонанд.

Ноябрь 14, 2011 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад