Санаи бозгашти нахустин зойирин муайян шуд
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶДММ «Сомон Эйр», Кумитаи оид ба корҳои дин, сохторҳои қудратии ВКД, Хадамоти гумрук ва шӯъбаи назорати сарҳадии назди фурудгоҳ барои қабули зойирин доир гардид. Дар ҷаласа сардорони хадамот ва шўъбаҳои фурудгоҳ ва намояндагони сохторҳои қудратӣ вобаста ба ташкили хуби кор дар давраи қабули зойирин пешниҳод ва дархостҳои худро иброз доштанд. Муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин Мухтор Мавлонов иброз дошт, ки барои қабули зойирини Каъба тамоми чораҳои зарурӣ дида шудааст ва боварӣ ҳаст, ки сохторҳои марбута мекӯшанд то маросими қабули ҳоҷиён бе камбудӣ ба роҳ монда шавад.Аз намояндагони сохторҳои марбута даъват шуд, ки зимни қабули хоҷиён муташаккилона фаъолият намоянд. Муовини директори генералии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Азиз Иброҳимов итилоъ дод, ки фурудгоҳ барои қабули хоҷиён пурра омода аст.Дар фарҷом ҷиҳати фаъолияти хуб ба чандин корманди ФБД аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ ифтихорнома супорида ва ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.Аз маркази матбуоти Кумитаи оид ба корҳои дин ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки маросими қабули зойирини аввалин 11 ноябр оғоз гардида, то 3 декабр давом меёбад.