Шаҳрвандони Тоҷикистон қурбони сӯхтор шуданд

Ноябрь 8, 2011 15:13

Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — 5 ноябри соли 2011 дар шаҳри Подолски вилояти Маскав, бинобар  риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии сӯхтор дар ҳудуди коргоҳи пластмассаи корхонаи кимиёвӣ  сӯхтор ба амал омад.Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, сӯхтор дар вилояти Маскав дар бинои ҳаҷмаш 40 ба 15, ки дар он кормандони худи корхона истиқомат мекарданд, ба амал омада, дар натиҷаи он 4 нафар, аз ҷумла се шаҳрванди Тоҷикистон —  Раҳимов Мурод Саидмуродович, соли таваллудаш 1990, Раҳматов Олим Раҷабович, соли таваллудаш 1991 ва Мӯсоев Исоҷон, соли таваллудаш 1992 ба ҳалокат расиданд. Вобаста ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ кушода шуда,   шӯъбаи тафтишотии Кумитаи тафтишотии Русия дар шаҳри Подолск кор бурда истодааст. Ба иттилои  манбаъ директори ҶСК «Авиатор» Сергей Каткин омода аст хароҷоти ба ватан интиқол додани ҷасадҳоро бар дӯш гирифта, инчунин ба оилаҳои қурбоншудагон ҷубронпулӣ пардохт  намояд.

Ноябрь 8, 2011 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад