Шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол

Ноябрь 2, 2011 13:27

Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ,  шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол (аҳолии машғули кор ва бекорони расман  ба қайд гирифташуда) дар моҳи август – сентябри соли 2011  2 млн. 169 ҳазору 800 нафарро ташкил додааст, ки аз онҳо 2 млн.114 ҳазор нафар ва ё 94,4 фоиз дар соҳаи иқтисодиёт машғули коранд. Дар ин давра 55,7 ҳазор нафар расман мақоми бекорро гирифтанд, ки 2,6 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил медиҳад.Бино ба маълумоти манбаъ, шумораи дар рӯйхатбудаи кормандони кироя дар моҳи август – сентябри соли 2011 нисбат ба моҳи августи соли 2010 – ум 0,8 фоиз ва нисбат ба моҳи июли соли 2011 ба андозаи 0,4 фоиз кам шуд.Дар ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ ғайр аз кормандони расмӣ (штатӣ) қувваи корӣ дар шароити дуҷоякорӣ ва дар асоси қарордоду шартномаҳои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқидошта истифода бурда мешавад. Дар моҳи сентябри соли 2011 дар шароити дуҷоякорӣ 29 ҳазор нафар  ба қайд гирифта шудааст. 

Ноябрь 2, 2011 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад