Шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол
Душанбе, 2 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, шумораи аҳолии дар иқтисодиёт фаъол (аҳолии машғули кор ва бекорони расман ба қайд гирифташуда) дар моҳи август – сентябри соли 2011 2 млн. 169 ҳазору 800 нафарро ташкил додааст, ки аз онҳо 2 млн.114 ҳазор нафар ва ё 94,4 фоиз дар соҳаи иқтисодиёт машғули коранд. Дар ин давра 55,7 ҳазор нафар расман мақоми бекорро гирифтанд, ки 2,6 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил медиҳад.Бино ба маълумоти манбаъ, шумораи дар рӯйхатбудаи кормандони кироя дар моҳи август – сентябри соли 2011 нисбат ба моҳи августи соли 2010 – ум 0,8 фоиз ва нисбат ба моҳи июли соли 2011 ба андозаи 0,4 фоиз кам шуд.Дар ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ ғайр аз кормандони расмӣ (штатӣ) қувваи корӣ дар шароити дуҷоякорӣ ва дар асоси қарордоду шартномаҳои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқидошта истифода бурда мешавад. Дар моҳи сентябри соли 2011 дар шароити дуҷоякорӣ 29 ҳазор нафар ба қайд гирифта шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






