Сирки Чин дар Тоҷикистон

Ноябрь 9, 2011 09:02

Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшода Хайруллоҳ).- Бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҶТ ва сафорати Чин дар Тоҷикистон гурӯҳи 28 нафараи ҳунармандони сирки Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Душанбе меояд. Сафари гурӯҳи ҳунармандон аз 11 то 16 ноябр дар бинои Сирки давлатӣ идома ёфта, беҳтарин дорбозон, шӯъбадабозон ва акробатҳо ҳунари хешро пешкаши тамошобинони тоҷик менамоянд. Намоиш рӯзҳои шанбею якшанбе соати 14. 00 ва рӯзҳои минбаъда соати 16. 00 доир мегардад. 

Ноябрь 9, 2011 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш