Сметаи хароҷоти интихобот тасдиқ гардид

Ноябрь 4, 2011 11:54

Душанбе, 4 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Сметаи хароҷоти тайёрӣ ва баргузории интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда  дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Шоҳмансур №3  дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, ки 4 ноябр таҳти раёсати Шермуҳаммади Шоҳиён-Раиси Комиссияи мазкур доир гардид,  тасдиқ карда шуд.Дар ҷаласа ҳамзамон роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ Абдуманнон Додоев доир ба ҷараёни омодагӣ ва гузаронидани интихоботи миёнадавраӣ дар ҳавзаи интихоботии Шоҳмансур№3 гузориш дод. Мавсуф зикр кард, ки  то имрӯз  бахше аз нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба омодагӣ ва баргузории интихобот, аз ҷумла ташкили комиссияи ҳавзавии интихобот, участкаҳои интихоботӣ ва пешбарии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагон  пурра ба анҷом расидааст.

Ноябрь 4, 2011 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад