Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2011

Ноябрь 15, 2011 10:58

Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар, Покиза Маҳмадбекова). — Ҳолати идоракунии қарзи берунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон cол аз сол рў ба беҳбудӣ ниҳода, имрўз сиёсати идоракунии он дар доираи “Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2011” амалӣ мегардад. Дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев гуфт, ки  дар натиҷаи гузаронидани ислоҳот ва чорабиниҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таносуби қарзи берунӣ нисбат ба Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) сол то сол паст гардида, аз 108,2 фоизи соли 2000 ба 33,4 фоиз дар соли 2010 ва ба ҳолати ҳозира 33 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷиҳати дар сатҳи мўътадил нигоҳ доштани қарзи берунӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, он ҳадди ниҳоиро, ки 40 % нисбат ба ММД мебошад, нагузаштааст. Инчунин сохтори қарзи берунӣ дар натиҷаи амалӣ гардонидани “Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2011” ва паст намудани хавфи зиёдшавии қарз дигар ислоҳоти молиявӣ тағйир ёфта, тамоюли ба танзим даровардани қарзҳои дуҷониба дар он ба назар мерасад. Агар таносуби қарзҳои бисёрҷониба аз соли 1995 то соли 2006 ҳамасола афзоиш ёфта, 73 фоизи ҳаҷми умумии қарзи беруниро ташкил медод, пас ин нишондиҳанда дар солҳои 2009-2010 коҳиш ёфта, ба 53 фоиз баробар гардид. Яъне сохтори сабади қарзӣ ба воситаи диверсификатсия ва паст намудани хавф ба мувозинат оварда шуд. «Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзҳои ҷалбшавандаро дар доираи афзалиятҳои давлат барои рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, яъне барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии зиндагии мардум тавассути барқоросозии соҳаи энергетика, кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия ва барқарор намудани инфрасохтор сафарбар намуда истодааст.  Вазорати молияи ҶТ дар айни ҳол “Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2012-2014” таҳия менамояд, ки он давоми мантиқии Стратегияи амалкунанда буда, пеш аз ҳама бо мақсади васеъ ва мустаҳкам намудани сиёсати андозу буҷет, пулию қарзӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди бозори қоғазҳои қимматноки давлатӣ ва дар ин замина барои ба мувозинат овардани таъсири хавфҳо, ки ба идоракунии қарзи давлатӣ вобастагӣ доранд, равона гардидааст.Бояд тазаккур дод, ки маблағҳои ҷалбшаванда барои татбиқи лоиҳаҳо на танҳо барои рушди соҳаҳои ҷудогонаи иқтисодиёт, балки барои фароҳам овардани шароити хуби сармоягузорӣ, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ равона мегарданд», — афзуд муовини вазир. Дар баробари ҷалби қарзҳо аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар давлатҳои донор, ҳамчунин маблағҳои грантӣ (маблағҳои бебозгашт) низ ҷалб мешаванд, ки ҳаҷми онҳо дар иқтисодиёти мамлакат сол то сол зиёд гардида, хавфи идоракунии қарзро паст мегардонад. Дар соли оянда ҷалби маблағҳои грантӣ дар ҳаҷми 173,5 млн. долл. ИМА илова ба ҷалби маблағҳои қарзӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин 46,8 % маблағҳои ҷалбшавандаро ташкил медиҳад. Яке аз механизмҳои нави “Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014” ин тағйир додани сохтори қарзи давлатӣ дар самти зиёд намудани қарзи дохилӣ мебошад, ки ба рушди иқтисодиёти кишвар, алалхусус рушди соҳаи молиявии хусусӣ метавонад таъсири мусбати худро расонад ва ба паст намудани хавфи хизматрасонӣ оварда мерасонад.

Ноябрь 15, 2011 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

МегаФон Тоҷикистон туҳфаҳои аввалини иқдоми «МегаМиллион»-ро тақдим намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
1 октябр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Лоиҳаи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм барои солҳои 2026-2030» баррасӣ шуд
Тоҷикистон ислоҳоти муассир ва одилонаи воситаҳои молиявии байналмилалиро ҷонибдорӣ менамояд
Мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор ба давраи тирамоҳу зимистон омода мебошанд
Дар Душанбе Мусобиқаи «Дави дӯстӣ» баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Сангвор бо афсарону сарбозон вохӯрии судманд баргузор гардид
HUAWEI маҳсулоти инноватсионии худро дар Париж муаррифӣ намуд