Таҷлили солгарди нависандаи тоҷик дар Бишкек

Ноябрь 9, 2011 16:04

Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон бахшида ба 50-солагии нависандаи тоҷик Шоистаи Равшан, ки дар ин кишвар зиндагию фаъолият мекунад, маҳфили эҷодӣ баргузор шуд.Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон хабар доданд, соҳибҷашнро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Асомиддин Саидов, ҳамчунин дӯстону ҳаводорони эҷодиёташ табрику таҳният гуфтанд.Шоистаи Равшан ходимаи ҷамъиятӣ, узви Иттифоқи нависандагони Қирғизистон, муаллифи 40 китоби бадеию илмӣ, ҳамчунин асари «Ибтидои беохир» мебошад.Китобҳои ин нависандаи тоҷик ба забонҳои русӣ ва қирғизӣ рӯи чоп омадаанд. Дар ҳоли ҳозир китобҳои ӯ ба забонҳои форсӣ, англисӣ ва немисӣ тарҷума мешаванд. Асарҳои нависанда аз такдири одамони ҷолибу ғайримуқаррарӣ, ақлу хиради мардуми машриқзамин, моҳияти ҷаҳони ботинӣ ва андешаю ҷаҳонбинии нависанда нақл мекунанд.

Ноябрь 9, 2011 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд