Таъминот бо барқ ба вазъи обу ҳаво вобаста аст
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи (ШСХК) «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров, ба ҳамаи зерсохторҳои ширкат дар вилояту ноҳияҳо дастур дода шудааст, ки шабона дар маҳалҳое, ки иншооти ҳаётан муҳим надоранд, интиқоли барқро қатъ намоянд.Ба иттилои манбаъ, айни ҳол истифодаи барқ дар корхонаи «ТАЛКО», пойгоҳҳои обкашии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об, дигар корхонаву муассисаҳо кам карда шудааст. Ин тадбир ба хотири бе мушкилоти ҷиддӣ паси сар кардани зимистони дар пешистода андешида шудааст.Ба гуфти А. Ёров, соли ҷорӣ бо сабаби хунук омадани тирамоҳ, истифодаи оби обанбори Норак аз 26 – уми сентябр оғоз ёфт, ҳол он ки соли 2010 истифодаи оби ин обанбори бузург аз 27 – уми октябр сар шуда буд. Сабаби ҷорӣ намудани маҳдудият ҳамчунин бештар бо нерӯи барқ таъмин намудани аҳолӣ дар рӯзҳои сахти зимистон аст.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






