Татбиқи барномаи «Мусоидат ба шуғли аҳолӣ» дар ноҳияи Румӣ
Душанбе, 1 ноябр.(АМИТ «Ховар», Меҳрубон Сатторова).-Тибқи нақшаи раёсати Агентии давлатии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ноҳияи Румӣ дар 9 моҳи соли 2011 1960 ҷойи корӣ ташкил шуд, ки 100,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар доираи барномаи «Мусоидат ба шуғли аҳолӣ» 56 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва компютерӣ равона шуда, 70 нафар ба корҳои ҷамъиятии хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷалб шуданд,-гуфт сардори раёсати Агентии мазкур Анваршо Қодиров.Ҳамчунин ба 18 нафар шаҳванд қарзҳои имтиёзнок дода шуд, аз ин 5 нафараш зан мебошад. То имрӯз дар маркази ноҳия 9 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шудааст, ки 75 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






