Таваҷҷӯҳи Қ. Расулзода ба фаъолияти қисмҳои низомӣ
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 17 ноябри соли ҷорӣ раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз қисмҳои низомии гарнизони Суғд дар шаҳри Хуҷанд боздид намуда, бо рафти корҳои сохтмониву таъмиркунӣ ва омодагии сохторҳо ба зимистони имсола шинос гардид. Раиси вилоят нахуст аз қисми ҳарбии 3501-и қушӯнҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуда, бо шароити хизмат ва зисти ҳайати қисми ҳарбӣ ошно шуд. Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки дар ин қисми ҳарбӣ алҳол 473 нафар cарбоз хизмати Ватан — Модарро сарбаландона ба ҷо меоранд, ки 114 нафарашон тирамоҳи ҳамин сол даъват шудаанд. Бо дастгирии роҳбарияти вилоят соли равон барои таъмири боми хобгоҳи сарбозони қисми ҳарбии мазкур аз ҳисоби буҷаи вилоятӣ 24 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, бо сифати баланд анҷом дода шуд. Раиси вилоят ба масъулини дахлдори вилоятӣ ва шаҳри Хуҷанд супориш дод, ки раванди ободкорӣ ва корҳои сохтмониро идома дода, барои сарбозону афсарон шароити хуб муҳайё намоянд. Қоҳир Расулзода ба филиали академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, бо устодону шунавандагони он, ки аз тамоми гӯшаву канори мамлакат ҷамъ омадаанд, шинос гардид. Дар ин боргоҳи маърифату матонат, ки аз соли 1994 боз фаъолият менамояд, алҳол наздики 300 нафар донишҷӯ таҳсил менамояд ва ба онҳо 40 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба, ки аксарашон афсаронанд, сабақ меомӯзонанд. Қ. Расулзода ҳамчунин аз қисми низомии 6593-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, комендатураи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ситоди қисми ҳарбии 9829-и Раёсати минтақавии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми ҳарбии 9829 «а» ва госпитали ҳарбии қӯшунҳои сарҳадӣ боздид намуда, масъулинро муваззаф намуд, ки ҷиҳати беҳдошти шароити хизмат ва зисти ҳайати шахсӣ мусоидат намоянд. Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки ба хизматчиёни эҳтиёҷманди қисмҳои ҳарбӣ замини наздиҳавлигӣ, барои ташкили хоҷагиҳои ёрирасон қитъаҳои замини кишт ҷудо гардида, дар қисмҳои ҳарбӣ ба захираи маводи озуқаворӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад. Аз хадамоти матбуоти раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки боздиди кории раиси вилоят аз қисмҳои низомии гарнизони Суғд, ки дар дигар шаҳру навоҳии вилоят фаъолият доранд, низ дар назар аст.