Тоҷикистон дар таъмини сулҳи пойдор дар Осиёи Марказӣ саҳми босазо мегузорад
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 17 ноябри соли 2011 дар шаҳри Париж дар Сенати Фаронса бахшида ба 20-умин солгарди истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ семинар баргузор гардид. Чорабинии мазкурро Раиси гурӯҳи дӯстии «Осиёи Марказӣ ва Фаронса» сенатор Андрэ Дюлэ сарварӣ намуд. Сенаторҳои Фаронса, сафирони Фаронса дар ҷумҳуриҳои ин минтақа, сафирони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Фаронса, олимон, хабарнигорон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатии Фаронса низ дар ҷаласа ширкат варзиданд. Мақсади чорабинӣ муҳокимаи натоиҷи дастовардҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар давоми солҳои истиқлолият, вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо, ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи Фаронса бо кишварҳои минтақаи номбурда буд.Тавре ки аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, сафири Тоҷикистон Р. Солиев дар баромади худ дар асоси далелу рақамҳо дастовардҳои ҷумҳуриро дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳанг, санъат, маориф, рафти демократикунонии ҷомеа, ташаккули давлати демократӣ ва дунявӣ, парламентаризми демократӣ, иқтисоди бозорӣ, татбиқи барномаҳои созандагӣ дар давоми 20 соли истиқлолият шарҳ дод. Ӯ қайд сохт, ки дар бунёди сулҳу субот ва ваҳдат дар ҷумҳурӣ нақши таърихии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим аст. Р. Солиев хотиррасон намуд, ки Тоҷикистон дар таъмини сулҳи пойдор дар Осиёи Марказӣ саҳми босазо мегузорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






