Тоҷикистон лоиҳаҳои барқию обиашро ба тарзи шаффоф татбиқ месозад
ушанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Саммити Иттиҳоди Аврупо-Осиёи Марказӣ оид ба сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика дар шаҳри Вена баргузор гардид.Чорабинии мазкур аз ҷониби созмони EuroConvention таъсис дода шуда, барои иштирок дар кори он намояндагони ҳукуматҳо ва ширкатҳои хусусии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва бонкӣ, инчунин намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват гардиданд. Тавре ки аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар саммит Сафири Фавқулода ва Мухтори кишвар дар Австрия Нуриддин Шамсов намояндагӣ кард. Ӯ зимни суханрониаш дар ҷараёни иҷлосияи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои энергетикӣ ва инфрасохтории Осиёи Марказӣ — эҷоди имкониятҳо ва ҳавасманд кардани сармоягузорӣ» мавқеи созандаи Ҳукумати Тоҷикистонро оид ба ҳаллу фасли мушкилоти обӣ-энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ, оқибатҳои тағйирёбии иқлим, зарурати рушди манбаъҳои нерӯи таҷдидшаванда ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон иброз намуд. Ба таври махсус қайд гардид, ки Тоҷикистон саъю талош дорад, то лоиҳаҳои обӣ-энергетикиашро ба тарзи шаффоф ва бо назардошти манфиатҳои кишварҳои ҳамсоя татбиқ созад. Сафири Тоҷикистон ба ширкатҳои манфиатдори Иттиҳоди Аврупо иттилоъ дод, ки дар асоси қарордодҳои мутақобилан судманд Ҳукумати Тоҷикистон барои иштироки онҳо дар сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар кишвар шароити мусоидро фароҳам хоҳад овард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






